Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иқтисоди Амрико 600 миллиард доллари дигар мерезанд


Вазорати молияи Амрико эълон кард, ки то охири моҳи июни соли оянда ба иқтисоди Амрико 600 миллиард доллар хоҳад рехт. Вазорат гуфтааст, ҳар моҳ аз заминдорони давлатӣ барои муддати тӯлонӣ 75 миллиард доллар қарз хоҳад гирифт, то иқтисоди шиканандаро ба по рост кунад. Барои мубориза бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ вазорати молияи Амрико 1,7 триллион доллар қазҳои баландмуддат гирифтааст. Дар моҳҳои июл-сентябри соли ҷорӣ иқтисоди Амрико, ки бузаргтарин иқтисоди ҷаҳон ба шумор меравад, 2 дарсадӣ рушд кардааст, вале он барои коҳиши сатҳи бекорӣ кофӣ нест, чун мизони бекорӣ тақрибан ба 10 дарасад расидааст.
XS
SM
MD
LG