Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти вазири бритониёӣ бо Раҳмон ва Зарифӣ


Имрӯз дар Душанбе мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Бритониё Саймон Фрайзер баргузор шуд. Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон менависад, дар мулоқот сухан дар бораи амнияти минтақа, кӯмак ба Афғонистон ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Бритониё рафтааст. Саймон Фрайзер гуфтааст, ки “Британиё ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика афзалияти бештар” қоил хоҳад буд. Аз ин пеш дар мулоқот бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ сӯҳбат дар атрофи масоили амнияти минтақа, вазъи Афғонистон, аҳамияти тарҳҳои энергетикӣ барои Тоҷикистон, аз ҷумла проекти CASA 1000 ва инчунин сафари қарибулвуқӯи аъзои парлумони Тоҷикистон ба Бритониё сурат гирифтааст. Дар ин нишаст ба зарурати сохтмони роҳҳои оҳани пайвасткунандаи марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, пулҳо ва бунёди хатҳои барқгузар таъкид шуд, менависад сомонаи интернетии вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG