Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуанишалин - довталаби нави президентии Қазоқистон


Жасарал Қуанишалини 61-сола, мунаққиди доимии сиёсати президент Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ният дорад соли 2012 дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон номзадии худро пешбарӣ кунад. Бахши қазоқии радиои Озодӣ мегӯяд, ки ин вакили собиқи парлумон ҳоло раҳбарии ҷумбиши мухолифини “Зинда бод, озодӣ!”-ро ба ӯҳда дорад. Қуанишалин дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки барномаи президентии ӯ ҳамсон бо барномаи номзади дигари президентӣ Владимир Козлов аст, ки рӯзи 22 октябр дар бораи нияти президент шуданаш хабар дод. Қуанишалин гуфт, ки бо Козлов ба мувофиқа расидааст, ки дар сурати пуштибонии бештари раъйдиҳандагон дар остонаи интихобот аз ӯ ё Козлов яке аз онҳо аз рақобат берун шуда тарафдоронашонро ба пуштибонии дигаре ташвиқ хоҳанд кард. Як ёвари Назарбоев моҳи сентябр гуфта буд, ки президенти амалкунанда ният дорад дар интихоботи навбатии соли 2012 иштирок кунад.
XS
SM
MD
LG