Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти 45 марди муттаҳам ба бисёрникоҳӣ


Дар пайи ҷанҷолу кашмакашиҳои занони якуму дуввум ва шикояти онҳо ба милиса бисёрникоҳии 45 мард дар вилояти Хатлон ошкор шуда, онҳо бо иттиҳоми «дузанагӣ» ба муҷозот кашида шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки дар байни «дузанаҳо» ягон нафари мансабдор набудааст.

Мастура, зани 34-сола аз ноҳияи Бохтар, чаҳор сол қабл бо амри волидон бо марди зану фарзанддоре издивоҷ кард. Никоҳи Мастура дар қайди давлатӣ нест, чун вай ҳамсари дуввум ва ғайрирасмии шавҳараш аст. Бо гузашти чаҳор сол аз бастани никоҳи мусалмонӣ ва ҳамзистӣ бо шавҳараш, Мастура соҳиби ду фарзанд шуда, дар хонаи иҷора ба сар мебарад. Аммо ҳоло, ба гуфтаи вай, шавҳараш аз таъминоти ӯ ва фарзандонаш даст кашида, мехоҳад никоҳи исломиашро ҳам бибурад.

Хонум Мастура мегӯяд, бо шунидани тасмими шавҳараш бемору бистарӣ шуда, ҳоло намедонад чӣ кунад ва бо кӯдакони хурдсолаш ба куҷо биравад:

«Ман худам касал ҳастам, нав аз беморхона фориғ шудам, талхаамро гирифтанд. То ҳамин рӯз ба ягон мақомот муроҷиат накардем, ки боз фардо аз мо хатое содир нашавад, ба ин умед, ки аз фикраш бармегардад. Қаҳри одамӣ аст, паст мешавад. Боз фарзандонашро нигоҳ мекунад, лекин то ҳамин рӯз чанд моҳ мешавад, ки зери таъсири зани аввалааш, моро суроғамон намекунад. Ман даъво намекунам, ки оилаи якумаш ҳам вайрон шавад, аммо ҳаёт як бор меояд, ба ман ҳам оилаи солим лозим аст, ба ман чизу пул даркор нест, ҳаёти худ ва кӯдаконам хуш гузарад, кофист».

Хонум Мастура афзуд, барои фарзандонаш тарбияи падар зарур аст ва ҳамчунин бори гарони таъминоти оила барои ӯ дар оянда сангин хоҳад буд. Аммо азбаски никоҳи ӯ дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба расмият дароварда нашудааст ва кӯдаконаш ҳам шаҳодатномаи таваллуд надоштаанд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамсарашро намедонад аз кадом роҳ талаб кунад.

Карйера ба ҷои оилаи дуввум

Бо ин ҳол, ҳамсари Мастура, ки бояд ояндаи наздик ба як мақоми баландпоя таъин шавад, ба хотири карйерасозӣ ва ба истилоҳ, «суғуртаи кори худ» гуфтааст, ки аз зани дуввумаш даст хоҳад кашид. Зеро вай шояд медонад, ки Қонуни асосии Тоҷикистон бисёрникоҳиро мамнӯъ дониста, тибқи банди 170-уми Кодекси ҷиноятии кишвар, барои «дузанагӣ» ё «серзанагӣ» ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Мастура аввалин ва ягона бонуи хатлоние нест, ки зани дуввуми марде шудааст. Коршиносон ва мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, бисёрникоҳӣ дар қаламрави ин минтақа ба истилоҳ, «гапи нав» нест.

Зеро танҳо дар нӯҳ моҳи аввали имсол дар Хатлон 45 мард бо ҷурми бисёрзанӣ ба муҷозот кашида шудаанд. Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон, бо тасдиқи ин хабар, гуфт, ки дар бештари мавридҳо масъалаи ду зан доштани мардҳо ҳангоми ҷанҷоли занони онҳо фош мешудааст:

«Асосан ҳамон ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаву парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз мегарданд, ки шаҳрванд бо дув а ё зиёда аз он зан хонадор аст, хоҷагии якҷоя мебарад, аз тарафи яке аз занҳояш арзу шикоят ба ин ё он мақомот ворид мешавад. Зимнан, азбаски қонун бисёрникоҳиро манъ мекунад, нисбат ба чунин афрод парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад».

Соҳибкорони дузана

Дар ҳамин ҳол, додситонии Хатлон мегӯяд, ҷиноёти марбут ба бисёрникоҳӣ бештар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Ҷалолиддини Румӣ, Шаҳритус, Қубодиён ба қайд гирифта мешаванд ва бештар соҳибкорон, муҳоҷирони кории ба ватанбаргашта ва афроди доро бо чанд зан зиндагӣ мекардаанд.

Аммо ба гуфтаи Юсуфҷон Юсуфзода, муовини додситони Хатлон, дар робита ба бисёрникоҳӣ дар минтақа танҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст:

«Асосан ин навъи ҷиноят ба категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин шомил мешаванд. Ҳамин 11 парванда ҳам танҳо баъди ҷанҷоли занҳои якуму дуюм, дар асоси аризаи яке аз ин занҳо кушода шудаанд».

Додгоҳҳои минтақа ҳам иқрор мекунанд, ки дар ин авохир баррасии парвандаҳои марбут ба «дузанагӣ» як амри маъмулӣ шудааст. Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи Хатлон, мегӯяд, аммо ҳеҷ нафар аз онҳое, ки дар бисёрникоҳӣ муттаҳам шудаанд, мақоми баландпоя ё шахси мансабдор набудааст:

«Ҳастанд, ин хел парвандаҳо кам нестанд. Аммо ин ки оё нисбат ба ягон шахси мансабдори калон бо ҳамин гуноҳ парвандаҳо ба суд расидааст ё не, то ҷое медонем, нест ин хел парванда. Лекин ҳоло мегӯянд, ки дар парлумони кишвар ҳамин гуна таклифҳо шудааст, ки ҳамин моддаи марбут ба дузанагӣ аз кодекси ҷиноятӣ гирифта шавад. Ҳар гуна баҳсҳо рафта истодааст. Аммо ҳоло, ки чунин мода дар кодекс мавҷуд аст, дузанагӣ ҷиноят ҳисоб мешавад. Агар дар оянда ин модда бардошта шавад аз кодекси ҷиноятӣ, ин хел парвандаҳо дигар ба судҳо нахоҳанд расид».

Омилҳои бисёрникоҳӣ

Дар шарҳи сабаби афзоиши бисёрзанӣ дар Хатлон чанд омил зикр мешавад. Нахуст, пайомади ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки ҳазорҳо зан бешавҳар ва даҳҳо ҳазор кӯдак бепадар шудаанд. Гузашта аз он, феълан шумори қобили мулоҳизаи ҷавонон ва мардони қобили кор дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, бахши аъзами онҳо ҳанӯз оиладор нашудаанд. Ва низ, омори расмӣ мегӯяд, шумори занон дар миёни аҳолии вилояти Хатлон аз мардон бештар аст.

Латофат Чориева, коршиноси масоили гендерӣ, мегӯяд, агар барои дузанагӣ одамонро ба муҷозот бикашанд, пас лозим меояд, ки ҳар чаҳорум мард ҷазо бигирад.

Ва аммо Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раҳбари созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ба хотири пешгирӣ аз ғӯта задани ҷомеа ба фасод ва дар ҳоле ки дини Ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам инро манъ накардааст, парлумони кишварро мебояд дар масъалаи манъи бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунад:

«Вақте ки Худованд дар Қуръон иҷозат додааст, ҳеҷ вақт ин ба зарари башарият нест. Аз авали офариниши инсон то имрӯз ҳар касе, ки ҳар қонуне вазъ кардааст, ки мухолифи Қуръону суннати ҳазрати Муҳаммад (с) уфтодааст, ин қонун ҳатман ба шикаст дучор омадааст. Назар ба ин ки ба фарҳанги ғализ бирасем, ки фарз кардем, як мард зан дораду беникоҳ биравад бо ҳар хел занҳои дигар хуфтухезу муомилаи ҷинсӣ кунад, беҳтар ин аст, ки қонун бисёрникоҳиро расман иҷоза бидиҳад, чуноне, ки қонуни ислом инро иҷоза додааст».

Бо ин ҳол, қонунҳои Тоҷикистон бисёрникоҳиро ҷиноят мешуморанд. Агар ошкор шавад, ки марде бо ду ва ё якчанд зан зиндагонии муштарак дорад, вай бояд аз 35 то 70 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад, ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо ҳабс аз се то шаш моҳ ҷазо дода шавад.

Вале маълум нест, ки баъд аз додгоҳ тақдири минбаъдаи марди дузана чӣ мешавад? Оё баъди адо кардани ҷазо вай чӣ кор бояд кунад? Аз ҳамсари дуввум ва фарзандонаш даст кашад, оилаи дуввумаш бояд ҳатман барҳам зада шавад, ё баъдан ӯ метавонад бидуни мушкил дар як вақт бо ду зан оиладорӣ бикунад? Ин саволҳои боз аст. Аммо як додраси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки «шаҳрванд барои содир намудани як ҷиноят ду бор ба муҷозот кашида намешавад».
XS
SM
MD
LG