Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамдардии Раҳмону Путин аз даргузашти Черномирдин


Президент Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки дар Тоҷикистон саҳми Виктор Черномирдинро дар тақвияти равобити стратегии миёни Душанбеву Маскав ҳамеша ба некӣ ёд хоҳанд кард. Ба ин мазмун имрӯз раҳбари Тоҷикистон ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар робита бо даргузашти нахуствазири собиқи Русия Виктор Черномирдин изҳори ҳамдардӣ кардааст. Раҳмон дар барқияи худ гуфтааст, Черномирдин дар вазифаҳои мухталифи давлатие, ки дар марҳилаҳои начандон осони баъди пошхӯриии шӯравӣ доштааст, барои ташаккули симои нави воқеан демократии Русия саҳми зиёде гузоштааст. Нахуствазири собиқи Русия Виктор Черномирдин имрӯз дар синни 72-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Маскав даргузашт. Имрӯз президент ва нахуствазири Русия ба хонаводаи Черномирдин изҳори тасаллият карданд. Владимир Путин аз марҳум ба ҳайси сиёсатмадори ватандӯст ёд кард: “Виктор Степанович бидуни тардид як сиёсатмадори бузург ва як ватандӯсти ҳақиқии кишвари мо буд. Вай барои давлатдории мо, барои рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвияти мавқеи хориҷии кишвар заҳмати зиёд кашидааст”. Вай афзуд, ки Черномирдин як сиёсатмадори шӯхтабиат буд, ки фикрҳои ҳазломези сиёсии ӯро ҳанӯз ҳам такрор мекунанд. Черномирдинро рӯзи ҷумъа дар оромгоҳи Новодевичйеи Маскав дар паҳлӯи ҳамсараш ба хок месупоранд.
XS
SM
MD
LG