Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дунганов дар боздоштгоҳ мемонад


Имрӯз додгоҳи олии Қирғизистон нагузошт, ки фармондеҳи собиқи горди миллии ин кишвар Дониёр Дунганов аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад. Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки Дунганов барои амри ба полис додааш барои пахши эътирозҳои зиддиҳукуматӣ рӯзи 17 апрел муттаҳам мешавад, ки 84 нафар, аз ҷумла ду ходими полисро дар беруни ҳукумати марказӣ дар Бишкек кушта бар ҷой гузошт. Эътирозҳои мазкур боиси аз қудрат барканор шудани президент Қурмонбек Боқиев ва сари кор омадани ҳукумати муваққат ба раҳбарии Роза Отунбоева шуд.
XS
SM
MD
LG