Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои равшанфикрон барои озодии Ходорковский


Гурӯҳи равшанфикрони рус имрӯз аз додгоҳи Хамовникии Маскав даъват кардааст, ки раҳбари собиқи ширкати Юкос Михаил Ходорковский ва ҳамкори ӯ Платон Лебедевро сафед кунад. Дар номаи худ онҳо инчунин аз президент Дмитрий Медведев тақозо карданд, ки мустақилияти додгоҳро таъмин карда аз ҳама гуна таъсири беруна ба мурофиа ҷилавгирӣ кунад. Бахши русии радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар миёни муаллифони ин нома ҳунарпешаҳои маъруф мисли Олег Басилашвилӣ, Лия Ахеҷакова, филмсоз Элдар Рязанов, нависандаҳо Фозил Искандар ва Борис Стругатский ном бурда мешаванд. Қарор аст, додгоҳ қироати ҳукми худро рӯзи 15 декабр шурӯъ кунад. Додситон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки Ходорковский ва Лебедевро барои шаш соли иловагӣ ба зиндон андозанд. Ҳарду муттаҳам гуфтанд, ки дар иттиҳоми ғорати амволи давлатӣ худро гунаҳгор намеҳисобанд. Соли 2003, замоне, ки Ходорковский барои бори аввал ба зиндон андохта шуд, рақиби Владимир Путин ба курсии президентии Русия арзёбӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG