Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасаллияти Раҳмон аз даргузашти Черномирдин


Итар-Тасс бо такя ба дафтари матбуоти президент Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки дар Тоҷикистон саҳми Виктор Черномирдинро дар тақвияти равобити стратегии миёни Душанбеву Маскав ҳамеша ба некӣ ёд хоҳад кард. Ба ин мазмун имрӯз раҳбари Тоҷикистон ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар робита бо даргузашти нахуствазири собиқи Русия Виктор Черномирдин изҳори ҳамдардӣ кардааст. Раҳмон дар барқияи худ гуфтааст, Черномирдин дар вазифаҳои мухталифи давлатие, ки дар марҳилаҳои начандон осони баъди пошхӯриии шӯравӣ доштааст, барои ташаккули симои нави воқеан демократии Русия дар шароити иқтисоди бозаргонӣ саҳми зиёде гузоштааст.
Нахуствазири собиқи Русия Виктор Черномирдин имрӯз дар синни 72-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Маскав даргузашт.
XS
SM
MD
LG