Пайвандҳои дастрасӣ

Чехия нирӯҳояшро дар Афғонистон афзоиш медиҳад


Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Чех ризоияти ниҳоии худро бо тавсеаи шумори нирӯҳои ин кишвар дар Афғонистон дод, ки аз соли оянда аз 535 ба 720 нафар зиёд мешавад. Бо афзоиши нирӯҳо ҳафтаи гузашта Сенат, маҷлиси болоии парлумони Чех мувофиқат карда буд. Нирӯҳои чехӣ умдатан дар пружаҳои барқарорсозии Афғонистон, тамринҳои низомӣ ва барои ширкат дар амалиёти махсус ҷалб шуда инчунин аз чархболҳо истифода мекунанд. Парлумон иҷоза дод, ки ин нирӯҳо дар давоми ду соли оянда дар Афғонистон мустақар шаванд. Соли 2012 шумори нирӯҳои чехӣ дар ин кишвари ҷангзада то 620 нафар коҳиш хоҳад ёфт. Қарори дигари парлумон инчунин берункашии тадриҷии нирӯҳои чехро аз хоки Косово дар назар мегирад.
XS
SM
MD
LG