Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, Ӯзбакистон бо онки тӯли солҳои истиқлолият роҳҳои оҳан ва мошингарди худро ба рӯи Тоҷикистон зуд-зуд мебандад, ба иқтисоди Тоҷикистон миллиардҳо доллар зиён расонидааст.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон афзуд, ӯ маълумоти таъйидкунанда дар ихтиёр дорад, ки аз солҳои 93-94 то ба имрӯз, ин кишвари ҳамсоя ҳамвора дар тронзити молу коло ва равуои мусофирин мушкилоти фаровонеро эҷод кардааст.

Ҳушдори Маҷлиси Намояндагон ба масъулони Роҳи Оҳан

Ин сӯҳбатҳои раиси Маҷлиси Намояндагон дар ҷараёни баррасии лоиҳаи ислоҳот ба қонуни бюҷети давлатии соли ҷорӣ дар парлумон сурат гирифт. Бар асоси ин ислоҳот корхонаи давлатии Роҳи оҳан аз пардохти 11 миллион доллар қарзи давлатии Ӯзбакистон озод карда шуд.

Ҷамшед Норинов-муовини вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки Идораи Роҳи оҳан, ки мебоист ин маблағи қарзро бипардозад ба далели эҷоди маҳдудият дар ҳамлу нақли молу коло дар роҳи оҳани Ӯзбакистон натавонист ин қисмати қарзи Ӯзбакистонро пардохт кунад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ислоҳоти пешниҳодкардаи ҳукумат, ки ин миқдор аз қарзи Ӯзбакистон аз ҳисоби бюҷети давлатӣ ва Бунёди суботи молӣ пардохт шавадро пазируфтанд. Зимнан қарзи Тоҷикистон аз Ӯзбакистон дар ҳоли ҳозир 40 миллион долларро ташкил медодааст.

Дар ҳамин ҳол раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистон ба унвони яке аз муҳимтарин ва бонуфузтарин корхонаҳои кишвар ҳушдор дод, ки масъулияти худро ба таври дуруст ва мутобиқ бо шароити имрӯза анҷом диҳанд.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки амвол ва ашёи тоҷирон ва соҳибкорон дар қаторҳо дар марзи Ӯзбакистон ғорат мешаванд аммо аз сӯи масъулони ин Идора вокуниши муносиб сурат нагирифтааст.

Шикоят ба додгоҳи байналмиллалӣ

Оқои Зуҳуров афзуд, ки мақомоти марбута бояд шикоёти муассиса ва афроди алоҳидаро, ки дар пайи ғорати амволи худ дар қаторҳо дар Ӯзбакистон зарар дидаанд биомӯзад ва ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат кунанд.

Намояндаи вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, ки ин масъала дар дасти баррасии мақомот ва ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад ва интизор меравад вақтҳои наздик шикояти расмӣ ба додгоҳҳи байналмилалӣ ироа шавад.

Зимнан равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ин чанд соли ахир рӯ ба сардӣ гароида ва ба бовари коршиносон баъди онки давлати Тоҷикистон тасмими ҷиддии худ барои бунёди нерӯгоҳи Роғунро эълон кард ташаннуҷ дар муносиботи дуҷониба шиддат касб кард.

Шурӯъ аз соли 2000 Ӯзбакистон бо Тоҷикистон низоми раводид ва ё режими визоро ба роҳ монда ва барои убури мошинҳои борбари Тоҷикистон ва гузаронидани молу коло аз тариқи қаламрави худ молиёти зиёдеро ҷорӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир низ дар заминаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баҳсҳои лафзӣ миёни давлатмардон ва сиёсатмадорони дуҷониб идома дорад. Ӯзбакистон мегӯяд ин нерӯгоҳ боиси коҳиши об ба кишварҳои поёноб мешавад вале Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бидуни бунёди нерӯгоҳи мазкур ба тараққиёти иқтисодӣ даст нахоҳад ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG