Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз ҳукми эъдоми зани эронӣ


Вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, ки зани муттаҳам ба хиёнат имрӯз эъдом нахоҳад шуд. Бо ишора ба сӯҳбати телефоние, ки бо ҳамкори эрониаш доштааст, Бернар Кушнер гуфт, Манучеҳри Муттакӣ иттилои пахшшуда оид ба сарнавишти Сокина Муҳаммади Оштиёниро аз ҳақиқат дур хонд. Имрӯз Созмони “Ташаббуси зидди сангсор”, воқеъ дар Олмон гуфт, ки мақомоти эронӣ на тавассути сангандозӣ, балки аз роҳи доровезӣ мехоҳанд занеро, ки дар куштори шавҳараш муттаҳам мешавад, эъдом кунанд. Соли ҷорӣ ҳукми сангзании Оштиёнӣ баъди мудохилаи сиёсатмадорҳову чеҳраҳои бонуфузи мазҳабии Эрон боздошта шуд. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ Ромини Меҳмонпараст Ғарбро дар фишор болои Эрон аз роҳи ин қазия муттаҳам кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG