Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати бекор шудани ҳукми зани эронӣ


ИМА аз Эрон даъват кардааст, ки аз иҷрои ҳукми сангсори зане, ки барои хиёнат айбдор шудааст, худдорӣ кунад. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, ки маъмурияти Обама ба шадидтарин шева ҳукми Сокина Муҳаммади Оштиёниро маҳкум мекунад. Изҳороти Амрико мегӯяд, ки мақомоти эронӣ натавонистанд ин парвандаро ба таври шаффоф баррасӣ кунанд ва бо ин парванда мақомоти эронӣ ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд. Хонуми Оштиёнӣ аз оғоз ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, вале ин хабар боиси афзоиши эътирозҳои байналмилалӣ гардид. Созмони “Ташаббуси зидди сангсор”, воқеъ дар Олмон мегӯяд, ки имрӯз мақомоти эронӣ мехоҳанд занеро, ки дар куштори шавҳараш муттаҳам мешавад, дор овезанд. Ҳанӯз ин хабар аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ тасдиқ ё инкор нашудааст.
XS
SM
MD
LG