Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО вориди Маскав шуд


Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фог Расмуссен имрӯз вориди Маскав шуд, то бо мақомоти баландпояи Кремлин роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Русия дар Афғонистон, аз ҷумла таъмини нирӯҳои НАТО бо чархболҳо сӯҳбате анҷом диҳад. Расмуссен қарор аст бо вазири хориҷа Сергей Лавров ва баъдтар бо раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев мулоқот кунад. Дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯҳо инчунин масъалаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар хоки Аврупо барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди кишварҳои мисли Эрону Кореяи Шимолӣ баррасӣ хоҳад шуд. Мулоқоти имрӯза дар остонаи сафари Медведев ба Лиссабон барои ширкат дар нишасти НАТО дар таърихи 20 ноябри имсол баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG