Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз тақсими почта дар Юнон


Баъди он ки дирӯз чандин сафорати хориҷии воқеъ дар Атен тавассути почта бомба дарёфт карданд, Юнон имрӯз ба мӯҳлати 48 соат амалиёти тақсими почтаро ба маконҳои хориҷӣ манъ кард. Бомбаҳои хурд дирӯз дар сафоратхонаҳои Русия ва Шветсия мунфаҷир ва инчунин полис аз таркиши чунин мавод дар намояндагиҳои дипломатии Булғористону Чилӣ ҷилавгирӣ кардааст. Дирӯз дар сохтмони дафтари садри аъзами Олмон аз таркиши як чунин почтаи дорои маводи мунфаҷира, ки аз Атен расида буд, ҷилавгирӣ шудааст. Тибқи гузоришҳо, як чунин номаи хатарноке, ки ба унвонии нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ироа шудааст, ҳангоми тафтиши мақомот оташ гирифт. Полиси Юнон имрӯз мехоҳад тамоми почтаро мавриди тафтиш қарор диҳад. Ҳоло эҳтимол меравад, ки ирсоли бомба тавассути почта кори дасти анархистони Юнон буда метавонад. Дирӯз ду нафари муттаҳам ба иртибот бо ин гурӯҳҳо дар ин кишвар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG