Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар Рашт идома дорад


Азия-Плюс аз қавли вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки амалиёти нирӯҳои давлатӣ зидди гурӯҳҳои шӯришӣ дар шарқи ин кишвар идома дорад ва ҳукумат ҳоло ният надорад, ки сарбозонашро аз ин қаламрав берун кунад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод гуфтааст, ки аз замони шурӯи амалиёт рӯзи 22 сентябр 20 ҷангӣ нобуд шуда ҳудудан 30 нафар силоҳро замин гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG