Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сигоркашӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад


Имрӯз парлумони Тоҷикистон қонуни манъи истеъмоли маҳсулоти тамокуро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қабул кард. Бар тибқи ин қонун ҳамакнун кашидани сигору нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар мактабу шифохона, корхонаву муассисаҳои дигари давлатӣ манъ мешавад. Вакили парлумон Ҷумъабой Сангинов гуфт, Тоҷикистон бо қабули ин қонун мехоҳад ба қатори дигар давлатҳои ҷаҳонӣ шомил шавад, ки мехоҳанд аз маргу мири мардум бар асари истеъмоли тамоку ҷилавгирӣ кунад. Вай гуфт, ҳарчанд омори истеъмолкунандаҳои маҳсулоти тамоку дар Тоҷикистон дар даст нест, аммо ҳисоб шудааст, ки ҳамасола дар ҷаҳон дасти кам шаш миллион нафар бар асари мӯътодӣ ба тамоку ва амрози марбут ба он ҷони худро аз даст медиҳанд ва ин тамоюл дар ҳоли болоравист. Дар Тоҷикистон дар баробари сигор маъмулан нос – навъи мардумии тамоку истеъмол мешавад, ки ҳамчунин як роҳи дигари гирифторӣ ба саратори узвҳои даҳан мешавад. Қонуни манъкунандаи сигоркашӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин роҳҳои муолиҷаи мӯътодони сигор ва ҳам маҳдудсозии рекламаи маҳсулоти тамокуро дар назар мегирад.
XS
SM
MD
LG