Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарзи Ӯзбакистон пурра ба дӯши ҳукумат гузашт


Қарзи Тоҷикистон дар назди Ӯзбакистон, ки 40 миллион долларро ташкил медоду 11 миллион доллари ин маблағро барои хизматрасонӣ мебоист корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳан пардохт мекард, бо як тасмими парлумони Тоҷикистон пурра ба дӯши ҳукумат вогузор шуд. Имрӯз дар ҷаласаи маҷлиси намояндагон қарор шуд, ки бо сабаби зиёни молӣ дидани корхонаи Роҳи оҳан ва ҳам масдудшавии борҳояш дар хоки Ӯзбакистон пардохти пурраи қарзи ин кишварро ҳукумати Тоҷикистон ба дӯши худ бигирад. Вакилони парлумон таҳриру иловаҳои худро ба қонун оид ба буҷаи давлатии соли 2010 дар ин бора ворид карданд.
XS
SM
MD
LG