Пайвандҳои дастрасӣ

Зоир Бобоев аз вазифаи сармураббӣ барканор шуд


Зоир Бобоев

Зоир Бобоев

Федератсияи футболи Тоҷикистон Зоир Бобоевро аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барканор кард.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд моро хеле дилсард кард. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкати дастаи мунтахаби наврасон дар марҳалаи ниҳоии сабқати қитъавӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда буд. Вале даста таҳти сарварии Зоир Бобоев аз ӯҳдаи вазифаи ба зимма гирифтааш набаромад. Бинобар ин, сармураббӣ ва ёваронаш аз вазифаашон барканор шуданд».

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон, ки дар сабқати гурӯҳӣ бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:4 ва дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG