Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошини тоҷирони чинӣ дучори садама шуд


Як мошини боркаши чиноӣ дар роҳи самти Хоруғ-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод, шаби 2-уми ноябр ба садама дучор шуд. Тибқи иттилои Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб, бар асари ин ҳодиса як нафар ҳалок ва нафаре маҷрӯҳ шудааст.

Мақомот омили ба садама дучор шудани мошини боркаши чиноӣ дар роҳи самти Бадахшон-Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминободро аз меъёри муайян зиёд вазн бардоштан унвон карданд. Шаби 2-уми ноябр дар паи ин садама, шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳмир Айдаров ҳалок ва Аи Химайкичанг Балатӣ шаҳрванди Чин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт.

Риоя накардани меъёр

Исматулло Сафаров, нозири БДА
Дар ҳамин ҳол, Исматулло Сафаров, нозири ташвиқоту тарғиботи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳангоми фаромадани роҳи нишеб, чун вазн аз меъёр зиёд буд, як чархи мошин аз кор монда, оташ мегирад ва ин мошин дар самти рост, берун аз роҳ чапа мешавад.

Ҷаноби Сафаров гуфт: «Тафтиши фаврии мо нишон дод, ки мошин бо бори пур аз себ аз самти Шӯрообод, ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод, ба самти роҳи рост рафта, ба садама дучор мешавад. Сабаб ҳамон аз меъёр зиёд бор кардан аст.»

«Тарозу надорем»

Ин манбаъ инчунин тасдиқ кард, ки аксаран мошинҳои боркаш бо айби аз меъёр зиёд бор доштан ба садама дучор мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, Солеҳ Асадуллоев, сармутахассиси бахши нозироти Хадамоти назорат ва танзими нақлёт дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, воқеан, зиёд мушоҳида мешавад, ки ронандагон ба мошинҳои худ аз меъёри зиёд бор мекунанд. Аммо ӯ мегӯяд, мутаасифона, дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб тарозуҳои вижае вуҷуд надорад, ки чунин қонуншиканиҳоро ба пуррагӣ ошкор кунанд.

Дар бастагӣ ба мавзӯъ ӯ афзуд: «Аз сабаби набудани тарозуи вазнкашӣ мо наметавонем, вазну андозаи мошинҳои боркашро муайян кунем. Як тарозу ба мо вобаста карда буданд ва мо онро дар дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Шӯрообод насб кардем, вале аз сабаби оне, ки вайрон шуд ва онро таъмир карда натавонситем, баргардонида онро супоридем. Айни ҳол бошад тарозу надорем ва танҳо бо дидан муайян мекунем, ки аз меъғр зиёд бардоштаанд.»

Роҳҳоро хароб мекунанд

Рустам Валиев, ҷонишини сардори Идораи давлатии хоҷагии роҳҳои нақлиётӣ дар Кӯлоб
Аксари ронандагони мошинҳои боркаш дар сӯҳбати бидуни микрофон аз меъёр зиёд бор карданро тасдиқ намуданд. Онҳо мегӯянд, ба хотири даромади бештар аз меъёр зиёд бор мекунанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, Рустам Валиев, ҷонишини сардори Идораи давлатии хоҷагии роҳҳои нақлётӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз меъёр зиёд кардани бор ҳамеш роҳҳоро хароб мекунад.

Ӯ мегӯяд, агар пеши роҳи аз меъёр зиёд бор кардани мошинҳои боркаш гирифта нашавад, дигар намешавад, аз сифати роҳҳои солим сӯҳбат кард. Ӯ мегӯяд: «Тез-тез роҳ вайрон мешавад. Барои он ки ҳоло мошинҳо аз вазн бештар бор мекунанд. Пештар мувофиқи ҳамон вазн, ки 10 ё 11 тон ҳаст бор мекарданд, вале ҳоло чунин нест. Ҳоло 20 тону 30 тон бор мекунанд. Дигар роҳ қувват намекунад. Роҳҳое, ки таҷдид шудаанд, дар ин ҳолат қувват намекунанд, ҳоло он ки бисёри роҳҳо 10-15 сол таҷдид нашудаанд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои Бозрасии давлатии автомобили минтақаи Кӯлоб бо ҷурми аз меъёр зиёд вазн бардоштан садамаҳои нақлиётии мошинҳои боркаш афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ таи 9 моҳи ахир дар минтқаи Кӯлоб 108 садамаи нақлётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар паи он 49 нафар ҳалок ва 123 нафар маҷрӯҳ гардидааст.
XS
SM
MD
LG