Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби Ҷорҷ Буш аз чоп баромад, вай чӣ мегӯяд?


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешини Амрико дар китоби нави худ гуфтааст, ҳар гоҳ, ки вай дар бораи набуди аслиҳаи куштори ҷамъӣ дар Ироқ фикр мекунад, вайро "эҳсоси нафратангез" фаро мегирад. Буш дар китоби худ бо номи "Decision Points" ё "Вақти тасмим" баъзе нукотро ифшо кардааст. Қарор аст ин китоб ҳафтаи оянда 9-ӯми ноябр муаррефӣ шавад. "The New York Times" ва хабаргузории Reuters гуфтаанд, ки онҳо пешакӣ нусхаҳои ин китобро дарёфт кардаанд. Иддао дар бораи мавҷудияти аслиҳаи куштори ҷамъӣ дар Ироқи режими Саддом Ҳусейн барои Ҷорҷ Буш ва баъзе мақомоти дигари расмӣ дар соли 2003 сабаби таҷовузи зери раҳбарии Амрико ба Ироқ буд. Аммо Буш менависад, кивақте чунин аслиҳа дар Ироқ пайдо нашудааст, вай асабиву ғазаболуд шудаст. Ба навиштаи вай, ҳанӯз ҳам таҷовуз ба Ироқро амри муваҷҷаҳ нишон медиҳанд, чунки режими Саддом сарнагун ва худи вай барои куштори ироқиҳо ба дор кашида шуд.
XS
SM
MD
LG