Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Амрико Ҳизби Ҷумҳурихоҳ пешсаф аст


Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи Конгресси Амрико дар сафи пеш қарор дорад. Хабаргузориҳои Амрико, аз ҷумла CNN ва MSNBC гуфтаанд мушоҳидаҳои онҳо нишон медиҳад, ки намояндагони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои ба даст даровардани назорат бар Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико шумораи кофии ороро соҳиб шудаанд. Дар давоми чаҳор соли гузашта назорат бар Маҷлиси Намояндагонро ҳизби Барак Обама контрол мекард. Ба ҷумҳурихоҳон зарур аст, ки акнун 39 ҷои дигарро, ки то ҳол дар ихтиёри демократҳо буд, аз они худ кунанд ва бад-ин тариқ дар Маҷлиси Намояндагон ба бастарӣ соҳиб шаванд. Натиҷаҳои муқаддамотӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҷумҳурихоҳон, дастикам, дар Сенат ду курсии дигарро аз демократҳо гирифтаанд. Барои ба даст овардани аксарият дар Сенат ҷумҳурихоҳон бояд дар ин интихобот 10 курсиро аз демократҳо бигиранд. Назарсанҷиҳои қаблазинтихобтӣ нишон дод, ки райдиҳандагон аз сиёсати иқтисодии давлати Барак Обама-раиси ҷумҳур дар мавриди рушди заифи иқтисод ва баъзе сиёсатҳои дигари Ҳизби Демократ чандон розӣ несианд. Ба ҳамин сабаб онҳо дар интихоботи миёндавраӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG