Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Амрико шумориши орои интихобкунандагон шурӯъ шудааст


Дар Амрико шумориши орои интихобкунандагон идома дорад. Натиҷаҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бар зидди Ҳизби Демократи Брак Обама-раиси ҷумҳур бештари ҷойҳоро дар Конгресс ба даст меорад. Тибқи хабарҳо ҷумҳурихоҳон дар интихоботи Сенат дар 7 аёлат ва демократҳо дар 3 аёлат бартарӣ доранд. Дар маҷмӯъ аз 100 сенатор 37 сенатор интихоб хоҳад шуд. Дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон низ ҷумҳурихоҳон дар сафи пеш қарор доранд. Бо вуҷуди ин пешгӯӣ кардани натиҷаҳои ниҳоӣ ҳоло зуд аст.
XS
SM
MD
LG