Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пойтахти Юнон 48 соат фиристодани номаҳоро боздоштанд


Пулиси Юнон эълон кард, ки мақомоти ин кишвар барои ду рӯз расонидани бастаҳои пустиро ба муассисаҳои хориҷӣ муттаваққиф сохтаанд. Ин дар ҳолест, ки бамҳои пустӣ ё почтаӣ ба сафоартхонаҳои Шветсарияву Русия ва Чиливу Булғористон ва кишварҳои дигар дар Отен-пойтахти Юнон фиристода шудаанд. Дар Олмон низ бастаи дорои маводи мунфаҷира ба дафтари нахуствазир Ангела Меркел фиристода шуд, вале аз он пешгирӣ карданд.
XS
SM
MD
LG