Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бағдод шумораи кушташудагон ба 40 нафар расид


Бино ба хабарҳои тоза, шумораи кушташудагон дар бамгузориҳои Бағдод-пойтахти Ироқ ба 40 нафар расидааст. Мақомот мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин бамгузориҳо ҳамоҳангшуда будаанд ва аслан дар маҳаллоти шианишини Бағдод рух додаанд. 300 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дастикам 10 бам дар роҳҳо мунфаҷир шудааст. Мақомот мегӯянд, баъзе аз ин бамҳо дар наздикиҳои қаҳвахонаҳову тарабхонаҳо мунфаҷир шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе дар ҳамлаи пулис ба калисое, ки намозгузоронро дар он гаравгон гирифта буданд, беш аз 50 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG