Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Тоҷикистон пули муҳоҷиронро аз ширкати русӣ рӯёнд


Бино ба хабари сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, 20-ӯми сентябри соли ҷорӣ ба бахши хадамоти муҳоҷиратии ин сафоратхона гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик муроҷеа ва шикоят кардаанд, ки ширкате бо номи АО "Сургутстройтрест" аз 3 то 6 моҳ моҳонаи онҳоро пардохт накардааст ва маблағи моҳонаи онҳо дар ин муддат 10 миллион рубли русро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи музокироти сафорат бо ин ширкат ҳоло ҳудуди 6 миллиону 500 ҳазор рубли русӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик пардохт шудааст ва ин ширкат қавл додааст, ки дар давоми ҳафтаи оянда дастмузди боқимондаи муҳоҷирони кориро, ки 3,5 миллион рубли дигар аст, пардохт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG