Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи тақдирсоз барои Барак Обама


Интизор меравад, норозигии интихобкунандагони хамшгин дар Амрико манзараи сиёсии онро тағйир диҳад. Ҳамагӣ пас аз ду соли ба қудрат расидани президент Барак Обама раъйдиҳандагон аз вазъи иқтисодии кишвар норозиянд ва мехоҳанд, саҳми ҷумҳурихоҳонро дар қудрат афзоиш диҳанд.

Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ раъйдиҳандагон назорати Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷумҳурихоҳон тақдим хоҳанд дошт ва ҷойгоҳи онҳо дар Сенат низ васеътар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар демократҳо ду соли гузашта ба ҳарду палатаи порлумон ва ҳукумати иҷроия назорати комил доштанд.

Дар интихоботи миёндавраии сешанбеи 2-уми ноябр сарнавишти 435 курсии Маҷлиси намояндагон ва 37 курсии Сенат ҳал мешавад. Ҳамчунин ҳокимони нави бисёре аз аёлатҳо муайян мешаванд.

Коҳиши боварӣ ба ҳукумати Барак Обама

Аммо як чиз суолбарангез аст, ки чаро ҳамагӣ дар ду сол он ҳама хушбинӣ ва умедвории бузурге, ки мардуми Амрико аз Барак Обама ва ҳукумати ӯ доштанд, барбод рафта, масъалаҳои иқтисодӣ хашму ғазаб ва хатти машши давлат шубҳаву нобовариро ба миён овардааст?

Дарвоқеъ, ин як суоли ҷолиб аст ва посухҳо ба он гуногунанд. Аммо коршиноси умури сиёсӣ ва устоди Донишгоҳи Берклӣ дар Калифорния, Брюс Кейн мегӯяд, сабаби асосӣ ин буд, ки демократҳо бар пояи шикасти сахти ҳукумати Ҷорҷ Буши хурдӣ қудрату салоҳияти аз ҳад зиёдеро ба даст гирифтанд ва дар натиҷа интизориҳои иҷтимоӣ аз онҳо низ ба маротиб бештар шуд. Ин якҷо бо вазъи вомондаи иқтисодӣ ҳиссиётеро ба миён овард, ки Обама ва демократҳо натавонистанд ваъдаҳои хешро ба иҷро расонанд. Кейн мегӯяд:

"Маълум шуд, ки иқтисодиёт масъалаи хеле ҷиддитаре будааст, ки афроди Обама онро саҳл гирифтаанд. Онҳо фикр мекарданд, ки бо ёрии тарҳи ҳавасмандгаронӣ ва чораҳои мухталифи дигар сатҳи бекориро коҳиш хоҳанд дод. Аммо дар амал, тавре дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маълум гардид, ин бор масъалаи иқтисодӣ хеле амиқтару душвортар буда, бекорӣ дар ҳамон сатҳи боло боқӣ монд. Эҳсосоте мавҷуд аст, ки кӯмаки давлат ба иқтисодиёт ба андозаи кофӣ бузург набуд ва дар маҳфилҳои росту марказгаро ақидае мавҷуд аст, ки ин пул дуруст истифода нашудааст."

Мухолифон ва тарафдорони Обама

Мухолифони Обама аз ин ҳолати душвор ба ҳадди охир истифода карданд. Онҳо ислоҳоти бимаи беҳдоштӣ ва андозро, ки ҳукумати Обама мехост, ҳамчун муваффақияти хеш муаррифӣ кунад, бори сангине бар дӯши иқтисодиёти бемор номиданд, ки дар вақти номуносиб роҳандозӣ шудаанд. Ҷумҳурихоҳон батакрор мегӯянд, дар ин шароит беҳтар буд, харҷи давлат коҳиш ёфта, равиши бимаи беҳдоштӣ ва андоз бетағйир боқӣ мемонд.

Аммо тарафдорони Обама мегӯянд, тағйироте, ки Обама ваъда дода буд, қарор набуд, дар як шаб ба вуқӯъ пайвандад ва барои ин бояд ҳамаи амрикоиҳо талош кунанд. Ин ҷо пурсиши дигаре матраҳ мешавад, ки ба ҳар ҳол, Обама ваъдаҳои худро дар мавриди Ироқу Афғонистон ва куллан сиёсати хориҷӣ ба иҷро расонд ва бидуни лашкаркашиҳои сабки Буш тавонист, дар ин муддат амнияти амрикоиҳоро таъмин кунад.

Интихобкунандагон дар Амрико беш аз ҳама ва пеш аз ҳама ба масъалаҳои ҳаёти ҳаррӯзаи хеш, ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ мекунанд ва фаъолияти ҳукуматро аз рӯи ҳамин шохисҳо баҳо медиҳанд:

  • "Обама нерӯҳои моро, вақте корашонро хатм карданд, аз Афғонистон бозпас меорад. Ва аз Ироқ. Ҳама мехоҳанд, онҳо баргарданд. Аммо ин интихобот, ба фикри ман, ба кисаи одамон бастагӣ дорад, на ба он чизҳо."
  • "Эҳтимолан ман дар ин пайт ба ҷумҳурихоҳон раъй медиҳам. Демократҳо вазъро бадтар карданд. Онҳо иқтисодиётро ба харобии бештар тела медиҳанд."

Бисёриҳо бар инанд, ки интихоботи миёндавраии Амрико на танҳо як имтиҳони сахте барои ҳукумати Обама аст, балки ҳамчунин оғози сабқат барои курсии президентӣ дар соли 2012. Ҳарчанд, инро ҳам бояд афзуд, аксари коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди сатҳи баланди эҳсосот дар интихоботи рӯзи сешанбе, майли раъйдиҳандагон ҳанӯз ба ин маънӣ нест, ки даврони Обама тамом шудааст.
XS
SM
MD
LG