Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Ҳизби наҳзат аз фишорҳои мақомот


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ба хотири суръат надодани фишорҳо чопхонаи ин ҳизб аз нашри шумораҳои ҳафтаномаҳои мустақил даст кашидааст.

Раиси ҲНИТ пас аз мулоқот бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс дар сӯҳбат бо хабарнигорон бештар дар мавзӯи фишорҳои мақомот ба ҳизб ёдовар шуд. Ӯ гуфт: «Пас аз нашри як шумораи ҳафтаномаи «Пайкон» мо тасмим гирифтем, ки ба хотири суръат набахшидани фишорҳои мақомот ба Ҳизби наҳзати исломӣ аз нашри шумораҳои ҳафтаномаи дигар худдорӣ кунем. Мутаасифона, хоҳиши сардабирони ҳафтаномаҳои мустақил рад карда шуд. Он озодиҳо ва арзишҳои демократие, ки тайи чанд соли ахир ба даст омад, ҳоло кӯшиш мекунанд, ки маҳдуд карда шавад».

Манъи намозгузорӣ дар қароргоҳи ҲНИТ, мусодираи наворҳо, таъқиби аъзои ҳизб аз ҷумлаи фишорҳое унвон мешаванд, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон анҷом меёбанд.

Ҷаноби Кабирӣ таъкид кард, ки раванди деморкатикунонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон ахиран ранги дигар гирифта, ба обрӯи Тоҷикистон ба унвони як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд чизе нахоҳад афзуд.

Нигаронии сафир аз вазъи матбуот

Кеннет Гросс, сафири ИМА пас ин дидор ба суолҳои хабарнигорон доир ба вазъи сиёсӣ ва матбуот посух дода таъкид кард, ки: «Дар ин дидор доир ба чанд масъалаи муҳиме, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон пеш омадааст, сӯҳбат шудааст. Аз ҷумла аз чоп мондани чанд нашрияи мустақил, ки моро нигарон кардааст. Дар ҳафтаи гузашта мо ба вазири хориҷаи Тоҷикисон нома ирсол намуда, тақозо кардем, ки Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои худро дар доираи санадҳои САҲА иҷро кунад. Вале то ҳануз аз ҷониби вазири хориҷаи Тоҷикистон посухе дарёфт накардем. Масъалаи дигар нооромӣ дар минтақаи шарқи Тоҷикистон мебошад, ки моро ба ташвиш оварда буд ва ахиран вазъ дар онҷо муътадил шуда, аз ҷониби ниҳодҳои Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, аз нооромиҳо дар шарқи кишвар ва дар минтақаи Исфараи шимоли Тоҷикистон бо таассуф ёдовар шуд. Вай ишора кард, ки дар ҳодисаи Чоркӯҳ як узви собиқи ҳизб, ки даҳ сол муқаддам аз узвият хориҷ шуда буд, гунаҳкор дониста шуд ва хостанд ҲНИТ-ро бадном кунанд.

Ӯ гуфт: «Имрӯзҳо даҳҳо ва ҳатто садҳо аъзои дигар ҳизбҳо даст ба ҷиноят мезананд, вале як зарра ишора намешавад, ки узви кадом ҳизбанд. Ман медонам, ки тақрибан ҳар ҳафта хабарҳо дар бораи ба ҷиноят даст доштани муовини раиси ноҳия, муовини раиси ҷамоат пахш мешавад ва инҳо ба кадом ҳизб таалуқ доранд ва ё ин ки ҳизбӣ будани онҳо ошкор карда намешавад. Бо ин айбтарошиҳо талош карда мешавад, ки шубҳа ба ҲНИТ дар миёни ҷомеаро ба вуҷуд биёранд, ки ба нафъи ҷонибе намеанҷомад».

Зарари душманторошиҳо

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ низ душмантарошӣ аз ҷониби мақомоти ҳукумати кишвар ва ё аз ҷонибҳои дигарро як амали нодуруст мешуморанд, ки дар ниҳояти амр Тоҷикистонро ба унвони як кишвари бесубот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷилва хоҳад дод.

Рустам Ҳайдаров, таҳлилгари тоҷик, бар ин аст, ки «бояд мақомоти ҳукумат бо ҳизбҳои сиёсӣ ҳамкорӣ кунанд ва бовар карда намешавад, ки ин ҳизбҳо нақшаҳои ғаразноке дошта бошанд. Масалан вақте, ки ҳукумат барномаҳои сиёсӣ ва ё иқтисодии худро пешинҳод мекунад, ҳизбҳо низ фаъол шаванд ва барномаҳои алтернавтивии хуро пешкаш кунанд. Ҳамкории созанда ва фазои созандаро бояд эҷод кард ва ба ин бояд мақомоти ҳукумати кишвар иқдом кунанд».

Ба қавли таҳлилгарони тоҷик, агар ҳукумати Тоҷикистон, чуноне пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИТ-ро дар канори худ қарор дода буд, ҳоло низ ин мавқеъро ҳифз кунад, ба суди ҷомеаи кишвар буда, ба боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG