Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рустам Латифов, раҳбари Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон иддаои Узбакистон дар бораи хатари обанбори Роғун ба ин кишварро рад кард ва гуфт, ин обанбор аз ҳисоби саҳми оби худи Тоҷикистон аз дарёҳои фаромарзӣ пур мешавад ва ба маҷрои умумии об таъсир нахоҳад гузошт.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон қаблан чанде аз давлатмардон ва соҳибназарони Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид гирифт ва дар изҳороте таъкид намуд, ки бунёди обанбори Роғун маҷрои обро ба кишварҳои поёноб шадидан коҳиш хоҳад дод. Тошканд бар ин аст, ки ҳатто давраи обпуркунии обанбори Роғун Узбакистонро аз камтарин захираҳои об маҳрум мекунад.

Мухолифати Узбакистон ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун махсусан замоне шиддат гирифт, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар Ислом Каримов дар Қароқалпоқистон гуфт, ки тарҳи Тоҷикистон имкон мардуми кишварашро аз об маҳрум хоҳад кард. Ахиран дар расона ва торнамоҳои расмии Узбакистон матолиби бештаре алайҳи сохтмони ин нерӯгоҳ мунташир мешаванд, ки дар он Тоҷикистон ва мақомоти онро ба дурӯғпароканӣ ва пинҳон доштани натоиҷи пажӯҳиши коршиносони байналмилалӣ муттаҳам мекунанд.

Дар як матлабе дар сомонаи вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон сӯҳбатҳои ахири Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба замони ҷамъоварии об дар обанбори Роғун ва низ афзоиши обанборҳои маснӯӣ дар қаламрави Узбакистон зери шубҳа ва гумон қарор дода шудааст.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Рустам Латифов, роҳбари Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, даъвоҳои Узбакистон беасосанд ва барои мутахассисон рӯшан аст, ки Тошканд, мехоҳад, бештар ғавғои сиёсӣ ба роҳ андозад, то суитафоҳумҳоро ҳал кунад.

Рустам Латифов гуфт: «Тоҷикистон метавонад обанбори Роғунро дар давоми 8-10 сол аз ҳисоби меъёрҳои худӣ пур кунад. Мо ба ҳисоби миёнаи солона 14,3 куб лимит дорем. Агар ҳатто сол камбориш бошад, дар он ҳолат ҳам мо метавонем, якуним-ду кубро аз ҳисоби ҳамин лимит бигирем. Албатта аз серборишии сол вобаста аст, соле ки сероб бошад, мо метавонем дар як сол, ба мисли обанбори Токтагули Қирғизистон, бе ягон зараре ба кишварҳои ҳамсоя 13-14 кубокилометр обро ҷамъ кунем. Ҳол он, ки мо нақша дорем 13-14 кубокилометрро дар зарфи 8-10 сол ҷамъоварӣ кунем».



Суол: - Дар матлабе, ки нашр шудааст, гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон натиҷаҳои пажӯҳиши ширкати олмонии бо номи «Ламаер»-ро, ки сохтмони Роғунро таҳқиқ карда буд, пинҳон медоранд, зеро дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, обанбор хеле дер пур мешавад ва ҷамъоварии об дар обанбори Роғун барои кишварҳои поёноб мушкил эҷод мекунад, Ин назар то куҷо воқеият дорад?

Посух: - То ҷое, ки ман огоҳ ҳастам, ин натиҷаҳо ба кишвари ҳамсоя ҳам пешниҳод шуда буд. Ҷамъоварии об ягон хел таъсири казоӣ надорад. Ҳа, таъсир ҳаст, дар ҳолате, ки сол хеле камоб бошад. Вақте мо мегӯем, ки метавонем обанборро аз ҳисоби меъёрҳои худӣ пур кунем, дар ин ҷо ҳамаи суолҳо бардошта мешавад.

Суол: -Сӯҳбати дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки мегуфт, обанборҳои маснуии зиёд дар қаламрави Узбакистон боиси хушкидани баҳри Арал шудааст, на ин ки сохтмони обанборҳо дар Тоҷикистон, дар ин мақола мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва гуфта мешавад, обанборҳои Узбакистон боиси хушк шудани Арал нашудаанд.

Посух: - Дар робита ба ин масъала гуфтанӣ ҳастам, ки шароити иқлимиву ҷуғрофии обанборҳои кишварҳои поёноб аз обанборҳои кишварҳои болооб куллан фарқ мекунад. Дар минтақаи Роғун ва Норак, ки обанборҳо ҷойгиранд, ҳарорати миёнаи ҳаво дигар хел ва дар биёбонҳои беоби Туркманистон комилан дигар аст. Яъне об дар обанборҳои кишварҳои поёноб бештар бухор мешавад. Заминҳои қуми ин кишварҳо обро бештар меҷабанд. Масъалаи дигар ин аст, ки обанборҳои барои обёрӣ бигзор зиёд бошанд, лекин боз ҳам бо сабаби он, ки дар ин кишварҳои ҳамвориҳо зиёд аст, ҳангоми обёрӣ обҳои зиёдатӣ ба пастхамиҳо меравад. Силсилаи кӯлҳои Айдару Арнасай аз обҳои Сирдарё пайдо шудаанд ва дар онҳо беш аз 40 миллиард куб об ҷамъ шудааст. Вале дар ин бора касе даҳон намекушояд. Ин об бояд ба Арал равад. Инро нодида гирифтан ва дар обанбори Роғун, ки ҳоло сохта нашудааст, айбро ҷустан ин маънои худро ба нодонӣ задан аст.

Суол: -Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии Узбакистон шудааст, ин аст, ки нерӯгоҳи Роғун дар як минтақаи зилзилахез бунёд мешавад.

Посух: -Як мисоли возеҳу равшан сарбанди Норак аст. Ин нерӯгоҳ ҳам дар минтақаи зилзилахез сохта шудааст. Минтақаи зилзисхез ин назария аст ва дар ин минтақаҳо ягон бор заминларзаи 10-баллӣ ба вуқӯъ напайвастааст. Дигар ин ки Роғун бо усули сарбанди Норак сохта мешавад ва таконҳои якчандбаллӣ ба он таъсир намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG