Пайвандҳои дастрасӣ

Бародарзодаи Боқиев зиндонӣ шуд


Бародарзодаи раиси ҷумҳурии Қирғизистон Санҷар Боқиев имрӯз аз ҷониби додгоҳе дар Бишкек ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар доман задани ошӯбҳову хушунатҳои қавмии шаҳри Ҷалолобод моҳи майи имсол гунаҳгор донист. Дар ҳодисаи забти муваққатии сохтмони ҳукумати шаҳри Ҷалолобод рӯзҳои 13-14 май дасти кам ду нафар кушта шуданд. Санҷар Боқиев барои кӯмак дар сарҷамъ ва мусаллаҳсозии тарафдорони президенти собиқ муттаҳам мешавад. Худи Қурмонбек Боқиев баъди фирор аз Қирғизистон моҳи апрели имсол дар Беларус панаҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG