Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои ду созишнома дар Лондон


Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон ва раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ имрӯз дар Лондон ду созишномаи муҳимро дар умури дифоъ ба имзо расонанд. Дар чаҳорчӯби ин созишномаҳо, ду кишвар нирӯи муштараки низомӣ таъсис дода дар оянда аз ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин озмоишгоҳи ҳастаии муштарак истифода хоҳанд кард. Кемерон баъди имзои созишномаҳо дар як нишасти матбуотӣ гуфт:

“Имрӯз мо дар таърихи ҳамкориҳои дарозмуддати миёни Бритониёву Фаронса саҳифаи тозаро боз мекунем. Мо ду созишномаро имзо кардем, ки яке ҳамкории нирӯҳои мусаллаҳи сатҳи ҷаҳонӣ ва дигаре ҳамкориҳо дар бахши ҳастаиро дар назар мегирад”.

Гуфта мешавад, сатҳи баланди ҳамкориҳои дифоии ду кишвар, ки ба он инчунин мақомоти НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ шомил ҳастанд, чун бесобиқа арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG