Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи тоҷикро шояд 5 сол зиндон кунанд


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сонеҳаи автомобилие рӯзи шанбе ба мошини генерал-лейтенанти рус, фармондеҳи нирӯҳои ҳавоӣ Владимир Шаманов бо мошини борбари МАЗ бархӯрд кардааст, аз рӯи банди 264-уми Кодекси ҷиноии Русия, яъне “вайрон кардани қоидаи роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси ҳалокати инсон шудааст” муттаҳам мешавад. Хабаргузории “Новости” бо такя ба манобеи тафтишотӣ мегӯяд, ки ронандаи тоҷик эҳтимолан ба панҷ соли зиндон маҳкум шавад. Дар ҳодисаи бархӯрди мошини борбар ба BMW-и генерал Шаманов, ки дар наздикии шаҳри Тула рӯй дод, се нафар, аз ҷумла худи генерал маҷрӯҳ шуда ронандаи вай ба ҳалокат расид. Тафтишот мегӯяд, ин сонеҳа бо гуноҳи ронандаи мошини борбар рӯй додааст.
XS
SM
MD
LG