Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи дифоии Фаронсаву Бритониё


Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон ва раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ имрӯз дар Лондон ду созишномаи муҳимро дар умури дифоъ ба имзо расонанд. Дар чаҳорчӯби ин созишномаҳо, ду кишвар нирӯи муштараки низомӣ таъсис дода дар оянда аз ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин озмоишгоҳи ҳастаии муштарак истифода хоҳанд кард. Гуфта мешавад, сатҳи баланди ҳамкориҳои дифоии ду кишвар, ки ба он инчунин мақомоти НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ шомил ҳастанд, чун бесобиқа арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ бо Саркозӣ Дейвид Кэмерон гуфт, ки “имрӯз мо саҳифаи тозаро дар ҳамкориҳои миёни ду кишвар боз мекунем”.
XS
SM
MD
LG