Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи имтиёзи IRS ба сокинони Ҳушёрӣ


Ширкати IRS мегӯяд, ки баъди музокира бо мақомоти ноҳияи Варзоб ва шунидани ҳарфи эътирозгарон - сокинони мавзеи Ҳушёрӣ, ки аз роҳпулии гузаргоҳҳои ин ширкат насбкарда норозӣ ҳастанд, ваъда медиҳад, ки тадбире барои ҳалли ин масъала андешида хоҳад шуд. Фаррух Каримов, раҳбари намояндагии IRS гуфт, дар давоми як моҳ ин ширкат барои сокинони Ҳушёрӣ имтиёзе дар истифодаи ин роҳ пешниҳод хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол сокинони Ҳушёрӣ, ки бори дуюм аст эътироз карда ваъдаи ҳал шудани ин масъаларо мешунаванд, тақозо мекунанд ин навбат мушкили онҳо ниҳоӣ шавад.
Ҳушёрӣ як қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ қоидаи пулҷамъкуниро ҷорӣ кардааст. IRS ё Innovative Road Solutions, ки худро як ширкати бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе–Чаноқро бар ӯҳда дорад. Матбуоти Тоҷикистон мегӯяд, ки муассисони ин ширкат аз нафарони наздик ба мақомоти баландпояи ҳукумати ҷумҳурӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG