Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон аз сафар ба Фаронса


Имрӯз Эрон аз шаҳрвандонаш тақозо кард, ки дар шароити бебандубориҳои ахир ва эътирозҳо аз ислоҳоти низоми нафақаи Фаронса аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Сухангӯи вазорати хориҷа Ромини Меҳмонпараст гуфт, ки аз сафарҳои ғайризарурӣ ба Фаронса ба хотири амнияти шахсиашон худдорӣ кунанд. Фаронса тобистони соли гузашта аз шаҳрвандонаш хоста буд аз сафар ба Эрон бо сабаби ноамниҳои баъди ошӯбҳои интихоботии моҳи июн худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG