Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкориҳои нави дифоии Фаронсаву Бритониё


Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон ва раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ имрӯз дар Лондон қарор аст як қатор созишномаҳоеро дар масоили ҳамкориҳои дифоӣ ба имзо расонанд, ки яке аз онҳо ба рушд ва озмоиши кулоҳакҳои ҳастаӣ бахшида шудааст. Гуфта мешавад, сатҳи баланди ҳамкориҳои дифоии ду кишвар, ки ба он инчунин мақомоти НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ шомил ҳастанд, чун бесобиқа арзёбӣ мешавад. Фаронса мегӯяд, ки як маркази нав дар хоки ин кишвар бо анҷоми озмоишҳои ҳастаии муштарак машғул шуда маркази таҳқиқотии дигари муштарак дар хоки Бритониё амал хоҳад кард. Имрӯз қарор аст раҳбарони ду кишвар дар бораи ташкили нирӯҳои бисёрҳазорнафараи эъзомӣ ва нияти истифодаи ҳавопаймоҳони ҳамдигар изҳорот диҳанд.
XS
SM
MD
LG