Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Путин ва Масимов ба Душанбе мераванд


Азия-Плюс хабар медиҳад, ки дар нишасти созмони ҳамкориҳои Шонҳой рӯзи 25 ноябр дар Душанбе қарор аст нахуствазирони Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Карим Масимов иштирок кунанд. Дар нишасти сарвазирони узви ин созмон қарор аст масоили “ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам низомӣ” баррасӣ шавад. Як манбаъ ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки раҳбари ҳукумати Русия ният дорад масъалаи иҷораи фурудгоҳи Айниро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ кунад. Дар нишасти Душанбе қарор аст ҳама нахуствазирони кишварҳои узв ба шумули Чин, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ҳозир шаванд.
XS
SM
MD
LG