Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи сешанбе, сокинони мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дар 40 километрии шаҳри Душанбе, иборат аз даҳ нафар ба намояндагӣ аз 300 сокини норозии ин мавзеъ дар мавриди роҳпулии гузаргоҳҳои ширкати IRS, аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Варзоб пазируфта шуданд.

Намояндагони ҳукумати ноҳия ва масъулони ширкати IRS шикояти сокинони Ҳушёрӣ, яъне гаронии роҳпулиро баррасӣ карда ваъда додаанд, ки дар зарфи як моҳ роҳи ҳали масъаларо пайдо хоҳанд кард.

Эътирози навбатии мардуми Ҳушёрӣ

Шамсулло, як сокини ҳамин мавзеъ мегӯяд, богузоштани плаза ва ё нуқтаи дуюми пулгирии роҳ дар байни мавзеи Ҳушёрӣ, ташвиши мардумро зиёд кардаанд. Ҳатто вақте аз саршавии деҳа ба поёни деҳа ҷанозаеро гузаронанд бояд, ки ҳатман маблағ пардохт карда шавад, ки ин барои мардум душвор аст аст. Ба нақли Шамсулло:

«Зиёда аз 300 нафар мардум ҷамъ шуда, хостанд ки плазаро вайрон кунанд. Вале мо мардумро ҷамъ намуда, вохӯрӣ кардем, ба хотири он, ки дафъаи охирин бошад. Аз ин бадтарашро низ интизор шудан мумкин. Мардумро нигоҳ дошта намешавад, халқ дар азоб аст. Сатҳи зиндагии мардум вазнин аст».

Ба гуфти сокинони ин мавзеъ, намояндагони ҳукумати ноҳияи Варзоб ин издиҳоми сокинони норозиро ором карда ба онҳо ваъда доданд, ки субҳи рӯзи сешанбе намояндагони ширкати IRS-ро даъват намуда масъаларо баррасӣ хоҳанд кард.

Ширкати IRS арзи мардумро мешунавад

Фарух Каримов, роҳбари филиали тоҷикистонии ин ширкати бритониёӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз шикоят ва пешниҳодҳои сокинони Ҳушёриро қабул карданд ва ширкат давоми як моҳ талош мекунад, ки ҳадди ақал барои онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда имтиёз барқарор кунад.

«Мо фикри мардумро гӯш кардем, баъзе мушкилотҳо доштанд аз плазаҳои пулии мо. Мо ҳам гӯш кардем, ки сари мақсад оем то барои мардум мушкил нашавад».

Сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, ин бори аввал нест, ки онҳо шикоят мекунанду ширкати IRS ваъдаи ҳалли мушкилӣ медиҳад. Сокинони Ҳушёрӣ ҳамчунон аз бархудрди дағали кормандони плаза шикоят кардаанд.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммунисатсия
Вазири нақлиёт ҷонибдори ҳалли масъала

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи мегӯяд, ки дар мавриди эътирози навбатии сокинони Ҳушёри вазорат иттилоъ надорад. Аммо вазорат бар пояи дархост ва шароити зисти сокинони ин мавзеъ, хостори роҳи мусолиматомези ин қазия аст.

«Нисбати ин масъала мавқеи мо ин аст, ки баъзе имтиёзҳо барои мардум аз тарафи ширкат пешниҳод карда шавад. Дар ин маврид бо ширкат ҳам машваратҳо доштем ва онҳо низ баъзе тарифҳоро пойин карда буданд»

Барои аз Ҳушёрӣ то Душанбе расидан бояд аз ду тарозуи ширкати IRS гузашт, ки рафтуомад барои як мошин ҳудуди 10 сомониро ташкил медиҳад ва сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, дигар тавони аз ин роҳ бо мошинҳои худ гузаштанро надоранд. Ин барои дуввумин бор аст, ки сокинони Ҳушёрӣ аз пулакӣ шудани роҳ эътироз мекунанд.

Аввалин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон, яъне шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, баҳори соли равон ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввал бо ихтилофи сокинони ноҳияи Варзоб, ронандагон ва ходимони Кумитаи зиддиинҳисории Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд.

Барои ҳалли ихтилоф, ҳукумати кишвар як комиссия ташкил намуд ва нархи истифода аз ин роҳ то ҳадде поин бурда шуд, вале эътирози сокинони Ҳушёрӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳалли ниҳоии ин мушкил то кунун пайдо нашудааст.

Нахустин таҷрибаи роҳи пулакӣ

Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.

Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Innovative Road Solutions - дар паноҳи кист?

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст, сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG