Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷмӯи нави шеърҳои устод Бозор Собир-шоири саршиноси тоҷики муқими Амрико, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад, бо номи “Хуни қалам” ба теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа, шеърҳое гирдоварӣ шудаанд, ки Бозор Собир дар манотиқи мухталиф эҷод кардааст.

“Чун қалам нест касе ҳамхунам”, “Дубора созамат Ватан”, “Аҷам ҷамъ аст” ва “Хати риш” аз ҷумлаи шеърҳое ҳастанд, ки дар ин маҷмӯа ҷой гирифтаанд.

Бозор Собир гуфтааст, ин маҷмӯи шеърҳояшро ба 30-солагии ёдбуди бародараш профессор Темур Собиров мебахшад. “Хуни қалам” номи маҷмӯаест, ки ҳанӯз панҷ соли пеш омода шуда буд, вале акнун рӯи чоп омад. “Бо чамидан, бо чашидан” ва “Аз Гули хор то Симхор” маҷмӯи шеърҳои дигари Бозор Собиранд, ки то кунун ба табъ расидаанд.

Марде ҳамеша дар муқобили маҷро

Ба бовари ағлаб, Бозори Собир шоирест, ки ҳамеша муқобили маҷро роҳ рафта ва ҳеҷ гоҳе, ба таъбири маъруф, по ба пои замона гом набардоштаву замонасозӣ накардааст. Ва ҳамин носозгориаш бо хостҳои замон буда, ки ӯро аз қофилаи шуарои мақбули давлатдорони вақт ҳамеша берун андохта, дар ниҳоят барои қариб як сол ба кунҷи зиндон бурд ва инак 16 сол боз дар як гӯшаи дури Амрико дар ғурбат қарор додааст.

Дар замони Шӯравӣ, ки ҳама аз ин низому ҳизби ҳокими вақти коммунисташ ситоиш мекарданд, Бозори Собир аз истиқлолу аз забони модарӣ ва аз Исмоили Сомониву девори Бухороаш шеър мегуфт. Ва аммо акнун, ки ҳама мадҳи истиқлолу неъматҳояш мекунанд ва Исмоили Сомонӣ дар адабиёт ба истилоҳ, “Ленини даврони мо” табдил ёфтааст, Бозори Собир баръакс, ёди даврони Шӯравӣ мекунад.

Шеъри ӯ дигар аст

Аммо мунаққидон ва ҳаводорони шеъри Бозори Собир мегӯянд, набояд ақоиди сиёсӣ ва шеъри Бозор, ба хусус ашъореро, ки хориҷ аз эҳсосоти ақидатии ӯ эҷод шудаанд, дар як тарозу баркашид. Шоир ва адабиётшиноси тоҷик Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, бавижа истифодаи фаровони Бозор аз тасвирҳои барои мардуми оддӣ, бахусус аҳли русто, хеле наздик аст, ки шеъри ӯро дар дилҳо чунин ҷой кардааст. Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, Бозори Собир дар сафи аввали ҷараёне қарор дошт, ки рӯ ба мушаххасгӯӣ ва пардохт ба ҷузъиёти муҳити инсонӣ овард ва тавассути тасвири шоиронаи муҳите, ки мардуми оддии тоҷик дар он ба сар мебарад, шеърро барои ин мардум, бахусус барои аҳли русто ошнотару диданитар ва маҳсустар кард ва як навъ забони ҳоли ин мардум шуд.

Рустами Ваҳҳоб меафзояд: “Устод Бозор тақрибан шеъре надорад, ки дар он заминаи тасвир, муҳити тасвир ва пардохтҳои шоирона мушаххасу малмусу диданиву ошно набошад. Масалан, ҳамин шеъри:

“Кӯҳи вазнин сояҳо дорад сабук,
Шахси ман ҳам сояҳо дорад сабук…
Дасти ларзони сафедораш варо
Аз лаби ҷарҳо дуо дорад сабук.”

Ё ин ки:

“Дергоҳе модарам дар хона нест,
Модари ман дар забони модарист.
Пуштвори ман чу гӯри сабзи ӯ
Ҳарду ҷилди сабзи “Фарҳанги дарӣ”-ст.”

Бубинед тасвирро, ки аз ранги сабзи муқоваҳои дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, ки рангашон ҳам муроот шудааст ва онро ташбеҳ додану ба он восита масал задан ба гӯри модар чӣ қадар кори ҳунарӣ аст.”

Шоире дар ғурбат

Бозори Собир, ки ҳамроҳ бо ҳамсару 4 фарзанд ва 3 наберааш дар Ричмонд, шаҳраке дар канори Сиэттл ба сар мебарад, мегӯяд, бо вуҷуди пой ба хонаи 72 гузоштанаш дар Амрико нафақае намегирад, балкӣ дар риштаи форсии Донишгоҳи аёлати Вашингтон ҳафтае 3 соат дарси забони тоҷикӣ медиҳад ва бештари вақташ дар китобхонаи бузурги ин донишгоҳ мегузарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG