Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1-уми ноябр дар шаҳри Тошканд бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола баргузор шуданд.

Нахуст дар варзишгоҳи «Ҷар»-и пойтахти Узбакистон дастаҳои Австралия ва Аморати Муттаҳидаи Араб қувваозмоӣ карданд. Дар ин дидор мунтахаби Австралия дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Сипас дар варзишгоҳи «Пахтакор» дастаҳои Узбакистон ва Сурия бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо ғалабаи дастаи мизбон – Узбакистон бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Дар бозии сеюми чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи «Ҷар», дастаи Ҷопон бар тими Ироқ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Бозии охирини чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» байни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Урдун сурат гирифт. Футболбозони навраси Кореяи Шимолӣ ба дарвозаи рақибони худ чаҳор голи беҷавоб заданд.

Ба ин тартиб дастаҳои Австралия, Узбакистон, Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Инчунин ин чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Бозиҳои ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола 4-уми ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор» баргузор мешаванд. Нахуст соати 14 бо вақти Тошканд дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Австралия рақобат мекунанд.

Баъдан соати 17-у 30 дақиқа бозии дуввуми ниманиҳоӣ байни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон шурӯъ хоҳад шуд.

Бозии ниҳоӣ 7-уми ноябр соати 14 дар варзишгоҳи “Пахтакор” баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон, ки дар сабқати гурӯҳӣ бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:4 ва дастаи Узбакистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Зоир Бобоев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ яке аз иллати нокомии футболбозони тоҷикро дар ин мусобиқот, чунин шарҳ дод: “Мувофиқи нақшаи корӣ, ки ба Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод карда будем, мо бояд пеш аз сафари Тошканд як ҷамъомади таълимию тамринӣ дар хориҷи кишвар, дар шаҳри Анталияи Туркия мегузарондем. Вале, мутаассифона, ба иллати набуди маблағ ин нақшаи мо амалӣ нашуд. Ҳарчанд мо дар кишвари худ панҷ ҷамъомади таълимию тамринӣ (як ҷамъомад дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва чор ҷамъомад дар шаҳри Норак) анҷом додем ва барои мо шароитҳои зарурӣ (майдони хуб, ғизои мувофиқ, лавозимоти варзишӣ) муҳайё буд, вале ба мо таҷрибаи бозиҳои контролии байнулмилалӣ намерасид. Дар сурати баргузории бозиҳои санҷишӣ бо дастаҳои пурқуввати хориҷӣ мо имкони ошкор кардани камбудиҳоро пайдо мекардем ва аз паи ислоҳи онҳо мешудем. Вале, афсӯс, ки ин кор ба мо даст надод”.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG