Пайвандҳои дастрасӣ

Имоми яке аз масҷидҳои Хасавюртро террор карданд


Дар Хасавюрти Доғистон имоми масҷиди Басир Салахгереев рӯзи душанбе ҳадафи тир қарор гирифт. Вазорати дихилаи Доғистон мегӯяд, вай аз сараш тир хӯрдааст ва аз ин захм дар бемористон ҷон додааст. Тундравҳо дар ин ҷумҳурии Русия дар Қафқоз ҳар гоҳ мақомоти маҳалӣ, кормандони пулис ва рӯҳониюнеро, ки аз ҷониби мақомот дастгирӣ меёбанд, ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG