Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуни қалам”-и Бозор Собир чоп шуд


Маҷмӯи нави шеърҳои Бозор Собир-шоири тоҷики муқими Амрико, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад, бо номи “Хуни қалам” ба теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа шеърҳое гирдоварӣ шудаанд, ки Бозор Собир дар манотиқи мухталиф эҷод кардааст. “Чун қалам нест касе ҳамхунам”, “Дубора созамат Ватан”, “Аҷам ҷамъ аст” ва “Хати риш” аз ҷумлаи шеърҳое ҳастанд, ки дар ин маҷмӯа ҷой гирифтаанд. Бозор Собир гуфтааст, ин маҷмӯи шеърҳояшро ба 30-солагии ёдбуди бародараш профессор Темур Собиров мебахшад. “Хуни қалам” номи маҷмӯаест, ки ҳанӯз панҷ соли пеш гузошта шуда буд, вале акнун рӯи чоп омад. “Бо чамидан, бо чашидан” ва “Аз Гули хор то Симхор” маҷмӯи шеърҳои дигари Бозор Собиранд, ки то кунун ба табъ расидаанд.
XS
SM
MD
LG