Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шарқи Тоҷикистон тамрингоҳи низомӣ месозанд


Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, дар минтақаи ноором ва кӯҳистонии Рашт тамрингоҳ ё маркази машқ боз хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, моҳи сентябр дар амалиёти шарқи Тоҷикистон беш аз 60 нафар сарбозу афсари нируҳои Тоҷикистон кушта шуданд. Сухангӯи вазорат гуфт, барои сарбозону афсароне, ки ахиран барои ширкат дар амалиёт ба минтақа омадаанд, хаймаҳои зимистонӣ фиристода шудааст. Барои сохтмони иншоот дар тамрингоҳ дар ояндаи наздик масолеҳи сохтмонӣ низ фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG