Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти калисои Бағдод 52 кас кушта шудааст


Мақомоти Ироқ мегӯянд, вақте, ки нируҳои амниятӣ ба калисое дар Бағдод ҳамла бурданд, дастикам 52 нафар кушта шудаанд. Афроди мусаллаҳ дар ин калисо 120 нафарро гаравгон гирифта буданд. Тундравҳо нахуст ба бозори табодули пулу мол ҳамла карданд, сипас ба калисо даромаданд. Генерал Ҳусейн Алӣ Камол-муовини вазири дохилаи Ироқ гуфт, дар ин ҳамла 52 нафар кушта, 67 нафар захмӣ шудаанд. Дастикам як намозгузор ва 10 корманди пулис дар миёни кушташудагон ҳастанд. Бисёрии ононе, ки захмӣ шудаанд, занон мебошанд. То ҳол рӯшан нашудааст, ки гаравгонон аз дасти афроди ҳамлакунанда кушта шудаанд ё дар ҷараёни амалиёти наҷоти нируҳо. Абдулқодир Убайдӣ- вазири дифои Ироқ ба рӯзноманигорон гуфт, шаке нест, ки ин амалиётро ал Қоида барномарезӣ карда бошад. Бенидикт-попи Рум ин ҳамларо маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG