Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти сокинон дар наздикии Бишкек барои обу барқ


Дирӯз дар рустои Оқҷар-воқеъ дар шимоли шаҳри Бишкек ҳудуди 100 нафар сокинон эътироз карданд ва хостанд, ки ба рустои онҳо хати барқ ва оби ошомиданӣ оварда шавад. Сокинони назди пойтахт аз оби ошомиданӣ ва барқ маҳрум будаанд. Онҳо роҳи назди Дордо-бузургтарин бозори Бишкекро бастанд ва дар сари роҳ балонҳоро оташ заданд. Ин русто 5 соли пеш бидуни иҷозаи мақомот сохта шуд. Мақомоти шаҳдории Бишкек қонунӣ будани ин русторо зери суол бурдаанд.
XS
SM
MD
LG