Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нависандагони Петербург аз Ходорковский ҳимоят карданд


Гурӯҳе аз нависандагони машҳури Санкт Петербург аз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дархост кардаанд, ки ба муҳокимаи Михаил Ходорковский-собиқ ғули нафтии ин кишвар хотима диҳанд. Онҳо зимни як номаи боз ба нишонии раиси ҷумҳур аз вай хостаанд, ки мурофиаи дуввуми Ходорковский ва Платон Лебедев- ҳамкори вай боздошта шавад. Дар миёни ононе, ки дар ин нома имзо гузоштаанд, Константин Азадовский, Яков Гардин, Нина Катерлӣ, Александр Рубашкин ва Борис Стругатский ҳастанд. Моҳи гузашта додситонии Русия дархост кард, ки Ходорковский ва Лебедев барои шаш соли дигар маҳкум ба зиндон шаванд.
XS
SM
MD
LG