Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Афғонистон дар Душанбе омӯзиш мебинад


Ожонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, аз 1 то 7-ӯми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе кормандони пулиси маводи мухаддири Афғонистон дар давраҳои омӯзишӣ ширкат хоҳанд кард. Ин давраҳои омӯзишӣ дар ожонсии мазкур анҷом мегирад. Дар ин давраҳои омӯзишӣ ҳамчунин ҳамкориҳои кормандони ожонсии Тоҷикистон бо ҳакорони ҷониби афғонӣ тамрин мешавад. Дар давраҳои омӯзишӣ устодон аз Шветсия ва Тоҷикистон ба шогирдон таълим медиҳанд.
XS
SM
MD
LG