Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ аз Тоҷикистон интизори дархости ҳамкорист


Шоҳзода Холид Бин Сауд бин Холид ал Сауд-муовини вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ, ки машғули боздид аз Тоҷикистон аст, дирӯз баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, барои тавсеаи ҳмкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон кишвари вай аз ҷониби Тоҷикистон ибтикори бештареро интизор аст. Вай афзуд:

"Арабистони Саудӣ омода аст, ки дар ҳамаи самтҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Вале мо намехоҳем, ки самтҳои ҳамкориро аз ҷониби худ муайян кунем. Мо мунтазири пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҳастем".

Аз замони истиқлоли Тоҷикистон то ба ҳол сармоягузории Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон чандон зиёд нест. Масалан, худи муовини вазир гуфт, таи ин муддат кишвараш дар Тоҷикистон дар бахшҳои маорифу тиб ва сохтмони роҳҳои 75 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Сармоягузории ин кишвар ба Тоҷикистон тавассути Бонки Осиёии Рушд 190 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG