Пайвандҳои дастрасӣ

Дуввумин эътироз дар Ҳушёрӣ бар зидди пулакӣ шудани роҳ


Як гурӯҳ аз сокинони рустои Ҳушёрии ноҳияи Варзоб бегоҳи рӯзи душанбе алайҳи ширкати IRS, ки барои равуои онҳо аз Ҳушёрӣ то Душанбе пул меситонад, эътироз кардаанд. Гуфта мешавад, дар ин тазоҳурот ҳудуди дусад тан аз сокинони Ҳушёрӣ иштирок карда, аз мақомот талаб кардаанд, ки ба доди онҳо бирасанд ва онҳоро аз додани пул барои равуо дар роҳи Душанбе — Ҳушёрӣ «озод» кунад. Барои аз Ҳушёрӣ то Душанбе расидан бояд аз ду тарозуи ширкати IRS гузашт, ки рафтуомад барои як мошин 12 сомониро ташкил медиҳад ва сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, дигар тавони аз ин роҳ бо мошинҳои худ гузаштанро надоранд. Ин барои дуввумин бор аст, ки сокинони Ҳушёрӣ аз пулакӣ шудани роҳ эътироз мекунанд.
XS
SM
MD
LG