Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Cубҳи хилофат" бо чунин ном ҳизби мамнуи Ҳизбу-ут-таҳрир маҷаллаи нави худро нашр кардааст. Ин маҷалла бо забони тоҷикӣ ва бо муқоваи ранга дар 54 саҳифа чоп шудааст.

Дар ҳоле, ки фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст, суол матраҳ ин аст, ки пайравони он бо чӣ роҳу воситае ин маҷалларо вориди кишвар кардаанд?

Нозирҷон Буриев, як масъули Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон мегӯяд, кормандони кумита якчанд варақаҳои тарғиботии ин ҳаракатро дастрас кардаанд, аммо дар мавриди нашри маҷалла иттилои дақиқе мавҷуд дар даст надоранд.

Дар маҷаллаи «Субҳи хилофат» дар бораи боздошти пайравони ин ҳизб аз сӯи Кумитаи амнияти миллӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо дар зиндон нақл шудааст. Аммо Нозирҷон Буриев ин иттилоъро рад мекунад ва мегӯяд, «дар зиндон касеро мавриди шиканҷа қарор надодаанд».

Фаъолшавии Ҳизб-ут-таҳрир

Саймуддин Дӯстов, роҳбари созмони «ИНДЕМ», ба ин бовар аст, ки Ҳизбу-ут-таҳрир дар Тоҷикистон дар чанд моҳи охир фаъол шудааст ва ҳадафи он ноором кардани вазъи кишвар аст. Ба гуфтаи ҷаноби Дӯстов, ин ҳаракат тарҳи хадамоти ҷосусии хориҷист:

«Ин тарҳе махсусе аст, ки бар зиди ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст. Дар ҳоле ки фишор болои диндорон ва ҷавонони дар кишварҳои исломӣ таҳсилкарда зиёд мешавад, пайравон ва тарафдорони Ҳизбу-ут- таҳрир бештар мешаванд. Албатта, вақте мо онҳоро зиндонӣ мекунем, пайвандони онҳо низ бо ин гурӯҳҳо мепайванданд».

Сӯҳроб Шарифов, роҳбари Маркази тадқиқоти стротегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Ҳизбу-ут-таҳрир роҳу воситаҳои хоси фаъолияти худро дорад. Ҳукумат дар асоси қонун бо ҳизбҳои сиёсӣ муносибат дорад, аз он ҷумла бо Ҳизби наҳзати исломӣ.Ҳ изб-ут-таҳрир, ки фаълияташ ғайриқонунӣ аст, аслан ҳадафаш таъсиси давлати хилофат мебошад. Ин ҳизб бештар иделологияи хаёлӣ дорад ва асосан мардуми камбизоат ва хаёлӣ пайравӣ аз онҳо мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG