Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тарроҳони бастаҳои бомбагузоришуда дар Юнон


Полиси Юнон мегӯяд, бо ифшои тарҳи суиқасд ба раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ бо роҳи ирсоли бастаҳои бомбгузоришуда чаҳор нафарро дар Афина боздошт кардааст. Ин афрод, ба гуфтаи полиси Юнон, ҳамчунин нақша доштанд, ба се сафорати хориҷӣ дар Афина низ бастаҳои бомбгузоришуда фиристанд. Полис мегӯяд, ҳамаи боздоштшудагон ба як гурӯҳи тундрави чапгаро пайванд доштаанд. Яке аз бастаҳо дар сафорати Мексик дар Афин ҳангоми танзими номаҳо оташ гирифт ва як корманди занро дар ин ҷо захмӣ кард.
XS
SM
MD
LG